ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ аз тасмими манъи идгардак ҳимоят карда гуфт, идгардак дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон роиҷ набуд.
Вай гуфт, ки идгардаки кӯдакон ҳамроҳи оила иҷозат аст.
“Идгардак ба мафҳуме, ки пурра ё тамоман манъ шуда бошад, ба ин шакл не, дар доираи оила бо зиёрати хешу ақрабо иҷозат аст. Аммо дар шакле, ки кудакҳо бе саробон хона ба хона гаштан, туҳфа талаб кардан не. Дар доираи қонун ҳар кас метавонад идашро ҷашн гирад. Шумо метавонед ҳамроҳи фарзандон ба боғ ё хонаи дӯстон равед, касе манъ накардааст. Идгардак ягон рукни динӣ ҳам надошт, чун меъёре, ки дин барои баргузор кардани ид муқаррар кардааст хурсанд кардан ва таҳният кардан аст,”-қайд кард раиси Кумитаи дин.
Қаблан Давлатзода иллати манъ кардани идгардакро ба таъмини амнияти кӯдакон ва тарбияи дурусти онҳо рабт дода, гуфта буд, ки дар кишварҳои дигар идгардак дар шакли мавҷуда мушоҳида намешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон порлумони Тоҷикистон қонуни нави танзимро тасвиб кард, ки бар асоси он идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамазон ва Қурбон манъ аст.
Ин тасмими мақомот вокунишҳои зиёд ва аксаран манфиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Дар арафаи анҷомёбии моҳи шарифи Рамазон Вазорати маориф дар як дастур аз омӯзгорон хост то аз идгардаки кӯдакон ҷилавгирӣ кунанд.
“Ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани маросим ё анъанаҳои “идгардак”, ки дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолони ва кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад ва хоси мо нест, тадбирҳо андешида шаванд”-омада буд дар баёнияи вазорат.
Чанде аз падару модарон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз он гуфтанд, ки барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонашон аз ҷониби омӯзгорон огоҳӣ гирифтаанд.
Мақомот бар ин боварданд, ки идгардак хоси мардуми тоҷик нест, вале бархе аз шаҳрвандон изҳор доштанд, ки ин иқдом кӯдаконро аз шодӣ маҳрум мекунад.
Чанде аз падару модарон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз он гуфтанд, ки барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонашон аз ҷониби омӯзгорон огоҳӣ гирифтаанд.
Мақомот бар ин боварданд, ки идгардак хоси мардуми тоҷик нест, вале бархе аз шаҳрвандон изҳор доштанд, ки ин иқдом кӯдаконро аз шодӣ маҳрум мекунад.