Нархи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО поин рафт

Нархҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳи июни соли 2024 нисбат ба моҳи майи ҳамин сол 99,2% ва ташкил дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (ЕЭК) ахиран хабар дод, ки аз аввали сол нархи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳодиияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) 2,3% поин рафтааст.
"Индекси нархҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО моҳи июни соли 2024 нисбат ба моҳи майи соли равон 99,2%ва аз моҳи декабри соли гузашта 97,7%-ро ташкил дод", - гуфта мешавад дар гузориш.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумот, дар муқоиса бо моҳи июни соли гузашта нархҳо барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои узви ИИАО 8,9% боло рафтаанд.
ИИАО ва Ҳинд рӯи созишномаи тиҷорати озод кор мекунанд
"Дар моҳи июни соли 2024 дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2023 нархи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 3,3 фоиз ва маҳсулоти чорводорӣ 2,1% коҳиш ёфт", - афзуд манбаъ.
Қаблан Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бораи коҳиши қарзи хориҷӣ хабар дода буд.
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ин рақам 55 млрд доллар коҳиш ёфтааст. Холо қарзи хориҷӣ назар ба соли гузашта 9,4% кам шудааст.
Айни замон он тақрибан 528 миллиард долларро ташкил медиҳад.