“Намоз намехонанд” – шарҳи Шӯрои уламо дар бораи ҳамлаи Крокус

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи афроди муттаҳам дар ҳамлаи террористии толори консертии Крокус изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Чаҳор омили аслии ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, онҳое ки дар ин ҳамлаи террористӣ даст доштанд, на фақат ки аз дин хабар надоранд, балки намоз ҳам намехонанд.
“Онҳо фирефташудаи бархе аз гуруҳҳое ҳастанд, ки бо фанду фиреб муҳоҷиринро ба сафи гуруҳҳои тахрибкор ҷалб мекунанд ва бо ваъдаҳои бардурӯғи пули ҳангуфт онҳоро ба дом меафтонанд. Онҳо ҳатто дарк намекарданд, ки амалкарди онҳо ба куҷо мебарад. Амалан онҳо ғофилгир шудаанд. Азбаски онҳо аз дин бехабар буданд, ҳамлаи террористиашон низ дин ҳеҷ рабте надорад”, - гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Ҳамлаи террористӣ дар толори шаҳри Крокуси шаҳри Красногорски вилояти Маскав дар 22 марти 2024 бо тирандозӣ ва инфиҷорҳо ҳамроҳ буд, ки муҳоҷимон мардуми мулкиро тирборон карданд, салонро ба оташ кашиданд ва сипас сохтмонро тарк ва бо як мошин фирор карданд. Дар ин ҳамла ҳадди ақал 145, ба шумули шаш кӯдак кушта ва 551 нафар захмӣ шуданд. Дар натиҷаи инфиҷор ва сӯхтор сохтмон Крокус Сити Ҳол ба таври комил вайрон шуд.
Бобозода мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияро ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” рабт дод
Дар пайи ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, аъзои ДОИШ, ки ҳамлаи террористиро анҷом дода буданд ва бақия ҳамдастони онҳо аз сӯи мақомоти Русия боздошт ва зиндонӣ шуданд. Раванди судӣ ҳамоно идома дорад.
Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии Давлат исломӣ – Вилояти Хуросон (мамнуъ дар Русия) бар дӯш гирифт.