ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Бо сармоягузории Русия дар шаҳри Хуҷанд бузургтарин корхонаи муштараки саноӣ ба кор андохта мешавад.
Сохтмони ин корхонаи ҷадид дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад, иттилоъ дод, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ.
“Корхонаи нав дар заминаи собиқ корхонаи “Зиннат” дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби “БТК групп” и Русия ба кор андохта мешавад” – гуфт, Аҳмадзода.
Ин корхонаи муштарак аз азимтарин коргоҳҳои саноии Суғд шумурда хоҳад шуд, ки дар истеҳсоли сару либос ва матоъи дузандагӣ дар назар дошта шудааст.
Аҳмадзода таъкид кард, ки дар сурати ба корандозии он, ҳудуди 700 зан ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Моли дар ин коргоҳ тавлидшуда ба бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ кишвар содир хоҳад шуд.
Бино ба омори расмӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли саноати коркард дар вилояти Суғд ба 7710, 8 млн сомонӣ баробар шудааст, ки 396 млн. сомонии он ба тавлидоти маҳсулоти нассоҷӣ ва дузандагӣ рос меояд.