“Бадили ҳероин” ё метамфетамин чист?

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон бадили ҳероин дар қочоқи маводи мухаддирро ном бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Қочоқбарон на фақат бадили ҳероинро пайдо кардаанд, балки бо истифода аз фанновариҳои ҷадид роҳҳои дигар қочоқи маводи мухадирро низ кашф намудаанд.
Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, як раванди афзойиши тавлид ва қочоқи метамфетамин дар қиёс бо дигар намудҳои маводи мухаддир дар Афғонистон мушоҳида мешавад.
“Бино ба маълумоте, ки мо дорем, аз 10 кило ҳероин 1 кило метамфетамин ба даст меояд. Ин ба он маъност, ки қочоқбар ба ҷои 10 кило метавонад 1 килоро ба фурӯш расонда, суди бештаре бинад”, - гуфт Самад Зафар Тағой.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, тайи нимсолаи аввали соли равон дар маҷмуъ 13 ҳазору 731 дона ҳабҳои психотропӣ мусодира шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба ё 10 ҳазору 776 ҳаб зиёд мебошад. Ҳамзамон, аз муомилоти ғайриқонунӣ 84 кило моддаҳои психотропӣ дар шакли хока мусодира шудааст, ки 80 килову 977 грамми онро метамфетамин ташкил медиҳад.
Бештар аз Хатлон: Агентӣ аз афзоиши гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон хабар дод
Самад Зафар гуфт, дар Тоҷикистон озмоишгоҳҳо (лаборатория)-ҳои истеҳсоли маводи нашъаовар вуҷуд надоранд ва воридоти он аз дигар кишварҳо, алалхусус Афғонистон, бо роҳи қочоқ сурат мегирад.
“Бино ба иттилои мо, ин қабил озмоишгоҳҳо дар қисматҳои ҷануб ва ҷанубу ғарби Афғонистон ҷойгир буда, ба ин далел, ки Тоҷикистон бо ин кишвар равобити расмӣ надорад, баррасии ин мавзуъ бо ҷониби афғонӣ имконнопазир аст”, - гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовар.
Вай афзуд, агар дар гузашта қочоқбарон бо истифода аз нақлиёт ё убур аз марз маводи мухадирро ба ҳамдастони худ дар кишвари дигар дастрас мекарданд, ҳоло маъмултарин шева анбор ё махфӣ кардани он дар як маҳалли марзӣ аст.
“Онҳо маводи мухаддирро анбор мекунанд ва тариқи мессенҷерҳои ватсапу телегром координати махфигоҳро ба ҳамдастони худ мефиристанд. Инҳо рафта, аз он маҳал борро дастрас мекунанд”, - Самад Зафар.
Дар ҳоле ки директори Агентӣ маҳалли тавлиди метамфетаминро ҷануб ва ҷанубу ғарби Афғонистон тахмин мезанад, коршиносон мегӯянд, ин қабил лабораторияҳо дар Покистон низ амал мекунанд.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси масоили минтақаӣ мегӯяд, аввалин лабораторияҳои омода кардани метамфетаминро дар агентии Хайбар – Пахтунхвоҳи Покистон ва вилояти Ҳилманди Афғонистон қочоқбарони бузург бо кӯмаки мутахассисони инглисӣ ва амрикоӣ, ки он замон дар Афғонистон ҳузури низомӣ доштанд, дар нимаи дуюми даҳаи аввали асри ҳозир эҷод намуданд.
Дар Тоҷикистон теъдоди муътодон кам, аммо занони нашъаманд зиёд шудааст
“Ҳилманд, ки бузургтарин маҳалли кишти хашхошу тавлиди маводи мухаддир буд ва 40% тавлидоти ҷаҳонӣ ба он рост меомад, аз ин хотир, ҳамеша як вилояти ноамн ва хориҷ аз контрол буду ҳаст. Қочоқбарони афғониву покистонӣ нахуст дар Эрон бозор ёфтанд ва аз тариқи ҳамдастони эрониашон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русияву Аврупо ва дигар гӯшаву канори ҷаҳон низ роҳ пайдо карданд”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Бори нахуст моддаҳои психотропии метамфетамин дар қаламрави Тоҷикистон дар соли 2012 62 килову 895 грам мусодира шуда буд, ки аз Эрон тариқи транзит бо қаламрави Тоҷикистону Қазоқистон бояд ба Малайзия интиқол меёфт. Дар ҳамон сол аз ду шаҳрванди Эрон, ки мехостанд тариқи чакана метамфетаминро фурӯшанд, дар шаҳри Душанбе бо 92 грамм боздошт шуданд.
Солҳои 2013-2016 ягон ҳолати мусодираи метамфетамин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуд, аммо шурӯъ аз соли 2017 ҳолатҳои мусодираи он дар якчанд минтақаҳо (шаҳри Душанбе, Бадахшон ва Хатлон) ба қайд гирифта шуданд, ки дар ин ҷиноят шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон машғул буданд.
Аз соли 2019 ба баъд метамфетамини намуди кристаллҳои калон (дарозии аз 2 то 16мм ва бо паҳнои аз 2 то 6мм) ва намуди кристаллҳои хурд (1-2мм) пайваста мусодира мешуд ва ҳол дида мешавад, ки ҳамасола рӯ ба афзойиш аст.
Боздошти беш аз 500 тоҷикистонӣ барои ҷиноятҳо марбут ба маводи мухаддир дар Русия
Огаҳони ҳол мегӯянд, метамфетамин аз сахттаъсиртарин намудҳои синтетикӣ ва тағйирдодашудаи амфетамини маводи мухаддир буда, вобаста аз намуди зоҳирӣ дар миёни муштариён ба номҳои кӯчагии “Кристалл”, “Шиша” ва “Ях” маъруф аст. Аслан он маҳсули коркардҳои озмоишгоҳҳои мафияи ҷаҳонии маводи мухаддир буда, коркарди онро дар Покистону Афғонистон, кишварҳое, ки аз “маводи хом” – и он ғаниянд, ба роҳ мондаанд.
Қимати он вобаста ба навъи ҳаб аз 50 то 200 доллар ҳисоб мешавад.
Он баъд аз истифода дар давоми 20-30 сония нафарро таҳти таъсир қарор медиҳад ва замони поёиаш аз 6 то 12 соат аст. Дар ин миён нафарро ҳаяҷон, адами иштиҳо, фаъолшавии ҷисмонӣ ва ё баръакс хастагиву хоболудӣ фаро мегирад.
Ба қавли мутахассисон, вақте кас ин маводро истифода мекунад, худро дар як метр баландӣ аз замин эҳсос мекунад ва эҳтимоли қавӣ меравад, ки террористони худкуш қабл аз анҷоми ҳамлаи террористӣ аз он истифода мекунанд.