ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Зафар Самад, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар зимни нишасти матбуотияш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ 4066 нафар нашъаманд дар қайди расмӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар баробари ҳамин давраи соли қабл 117 нафар ё 2,8% коҳиш ёфтааст.
Ҳолатҳои муътодӣ дар кишвар миёни занон каме афзуда, теъдоди онҳо 109 нафар гуфта мешавад. Ин нишондод, дар ҳамин давраи соли қаблӣ ба 103 тан баробар буд.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 40,7 нашъаманд рост меояд.
Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд.
Ҳамин тариқ тибқи омори ин ниҳод, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 95 кило маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ 25% ва ё 619 кг бештар аст.