ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Бо фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорат аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Тоҷикистон барои бехатарии молу маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат санҷиш гузаронида мешавад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода хабар дод.
"Аз ҷониби масъулин фурӯши молу маҳсулоти зудвайроншаванда, бахусус обҳои ташнагишикан ва маҳсулоте, ки дар шароити хона тайёр мешаванд, таҳти санҷиш қарор дода шуда, пайваста назорат мешаванд", — гуфт ӯ.
Қайд карда шудааст, ки зимни баргузории санҷишҳо масъулини агентӣ байни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, ба тарзу усули нигоҳ доштани маҳсулот диққати асосӣ дода мешавад.
Бахусус ба соҳибкорон роҳҳои нигоҳдории маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва тухмиву кишоварзӣ фаҳмонида мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳолатҳои вайрон шудани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ таъмин намудани мағозаҳо бо яхдонҳои замонавӣ вазифаи асосии соҳибкорон арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки соли 2024 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ 708 ҳазору 903 килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ сабт шудааст, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ (478 ҳазору 366 кг) ва қисми дигари он аз рӯйи тамғагузорӣ дар борҷомаашон (332 ҳазору 537 кг) ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Инчунин дар озмоишгоҳҳои ташхисии молу маҳсулоти ғизоии Агентии "Тоҷикстандарт" аз рӯйи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 49 ҳазору 698 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 155 ҳазору 976 кг равғани растанӣ, 20 ҳазору 2209 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 9240 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 3920 кг маҳсулоти қаннодӣ, 13 ҳазору 687 кг маҳсулоти ширӣ, 240 кг иловагиҳои орд, 9537 кг консерва ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуданд.
Мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.