Дарёфти нафақа барои сокинони кишварҳои ИИАО осонтар мешавад

Системаи муттаҳидаи иттилоотӣ, ки татбиқи он дар ИИАО ба нақша гирифта шудааст, дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои зарурӣ осон мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё системаи муттаҳидшудаи иттилоотӣ дар соҳаи таъмини нафақаи коргарон таъсис дода мешавад.
Дар ин бора Бахит Султонов, вазири иқтисод ва сиёсати молии Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар мусоҳиба бо “Российская газета” хабар дод.
Ба гуфтаи вай, рақамикунонии соҳаи таъминоти нафақаи коргарони кишварҳои узви созмон вақти таъини нафақа ба шаҳрвандони муҳоҷир ё як бор аз як кишвари иттиҳод ба кишвари дигар кӯчидаро коҳиш медиҳад.
Вай тавзеҳ дод, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ шакли нави ҳамкории коммуникатсионӣ дар бозори меҳнатро фароҳам меорад, дастрасии аҳолӣ ба хидматрасониҳои заруриро соддатар мекунад ва хароҷоти ҷустуҷӯи ҷойҳои кории холӣ ва корҷӯёнро коҳиш медиҳад.
Думаи Русия протокол дар бораи савдои электронӣ дар қаламрави ИИАО-ро тасвиб кард
Дар баробари ин, мушкилоте аз қабили оптимизатсия, шаффофият, тартиб ва амнияти равандҳои муҳоҷират низ ҳал хоҳанд шуд, афзуд вазир.
Султонов таъкид кард, ки рушди устувори иқтисодҳои кишварҳои узви иттиҳод дар маҷмуъ аз сатҳи рақобатпазирии онҳо вобаста аст, ки дар он яке аз омилҳои ҳалкунанда истифодаи инноватсияҳои рақамӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, масъалаи рақамикунонии соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ раванди бебозгашт дар рушди минбаъдаи ИИАО мебошад, гуфт ӯ.
Султонов ҳамчунин гуфт, дар чаҳорчӯби созишномаи таъмини нафақа барои кишварҳои иттиҳод, соли гузашта ба беш аз 9,2 ҳазор нафар шаҳрвандон нафақа таъин шудааст.