Ҳаҷми нафақаи куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Хатлон маълум шуд

Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки ҳоло дар вилоят ҳамагӣ даҳ куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт боқӣ мондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27июл — Sputnik. Ба ҳолати 1 июли соли равон дар вилояти Хатлон маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 10 нафар зиндагӣ мекунанд, ки нафақаи миёнаи нафақаи онҳо 1029,64 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Қобилҷон Файзализода cардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон хабар додааст.

“Шумораи заҳматкашони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, 22 нафарро ташкил намуда, нафақаи миёнаи онҳо 582,27 сомониро ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд. Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бархе манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест.
Охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даргузашт
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - иттилоъ доданд аз Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.