ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар беш аз 2500 омӯзгор намерасад.
Вазири маориф ва илм қайд кард, ки барои бартараф намудани ин мушкил, соли равон 2170 донишҷӯйи курсҳои болоӣ дар мактабҳои кишвар ба кор ҷалб кардаанд.
Раҳим Саидзода мегӯяд, камбуди омӯзгор дар ҳамаи кишварҳо вуҷуд дорад ва ба нафақа баромадану барои ба нигоҳубини кӯдак рухсатӣ рафтанро аз сабабҳои ин мушкил номбар кард.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расмӣ, дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад, ки 70 фоизаш зан мебошанд.
Маоши миёнаи як омӯзгор дар Тоҷикистон аз 1200 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи бархе аз коршиносон маоши ками омӯзгорон яке аз сабабҳои аслии норасоии онҳо дар макотиби миёна мебошад. Коршиносон бар онанд, ки маҳз ба ҳамин сабаб, омӯзгорон тарки касби хеш карда, рӯ ба муҳоҷират меоранд.
Абдураҳмон Қурбонов, сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон қаблан ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки сабаби дигари норасоии омӯзгор аз синни 63 ба нафақа баромадани кормандон мебошад.
Ба ақидаи ӯ, кормандони солхӯрда кадрҳои баландихтисосанд, аз ин рӯ, онҳоро пас аз ба синни нафақа расидан, на бояд дарҳол ҷавоб дод. Баръакс, барои идомаи фаъолият ба онҳо бояд тамоми шароитро муҳайё намуд, то мутахассисони ҷавон аз ин кадрҳои кордида таҷриба андӯзанд.