Вазир аз лимити барқ чизе нагуфт, аммо гуфт ангишту дигар сӯзишвориҳо захира намоед

Вазири энергетикаи Тоҷикистон гуфт, талош хоҳад кард “лимит”-и барқ ҷорӣ нашавад, вале сокинон бояд ангишту дигар сӯзишвориҳои лозима захира намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ сабаби “лимит”-и барқи соли ҷориро “силсилаомилҳо” номиданд.
Ба гуфтаи вазир гуфт, ки дар баробари истифодаи имкониятҳо бояд дигар намуди сӯзишвориҳо, аз ҷумла ангишт захира намоем”.

“Мо бояд аз ҳамаи имкониятҳо истифода барем ва дигар намуди сӯзишвориҳоро низ захира намоем, аз он ҷумла ангишт. Дар ин бора Ҳукумати Тоҷикистон чораандешӣ карда истодааст, ки истихроҷи ангишт ва таъмини он ба шаҳрвандон саривақт дастрас шавад,” – гуфт ӯ.

Вазир таъсири тағйирёбии иқлимро яке аз сабабҳои кам шудани об дар рудхонаи Вахш номид.
Тоҷикистон воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷаро афзоиш дод
Далер Ҷумъа қайд кард, ки сабаби лимити моҳи март дар кишвар аз “силсилаомилҳо” иборат буд ва яке аз омилҳо ин кам шудани резиши об ба рудхонаҳои кишвар будааст.
“Чизе, ки ҳеҷ кор карда наметавонем, ин таъсири тағйирёбии иқлим аст. Ташвиши мо он аст, ки чанд соли охир резиши об дар рудхонаҳои ҷумҳурӣ, махсусан рудхонаи Вахш кам шуда истодааст ва ин метавонад таъсири манфии худро ба иқтидорҳои мо дар рудхонаи Вахш расонад ,” – таъкид кард вазири энержии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика дар нимсолаи якуми соли 2024 истеҳсоли барқ дар кишвар (бо дарназардошти НБО-ҳои хурд) беш аз 10,3 млрд. кВт. соатро ташкил додааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393,4 млн. кВт. соат кам будааст. Ба ҳисоби Вазорати энергетика суръати афзоиш дар ин давра 92,8% таъмин гардидааст.