Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар як ҳафта 63 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба артиши Русия таслим шуданд

Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки дар як ҳафтаи ахир 63 сарбози артиши Украина ба нерӯҳои Русия дар минтақаи амалиёти вижа таслим шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Аз 20 июл то 26 июли соли равон 63 сарбози артиши Украина ба нерӯҳои Русия таслим шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати дифои Русия дар Telegram канали худ.
"Дар тӯли як ҳафта 63 низомии украинӣ дар хатти ҷабҳа таслим шуданд, ки 27 нафари онҳо дар минтақаи масъулияти гурӯҳи нерӯҳои "Днепр" қарор доштанд", — омадааст дар баёния.
Ҳамчунин вазорати дифои Русия хабар додааст, ки ҷангандаҳо ва тӯпҳои Русия дар як ҳафта ду мушакандози чандгонаи “HIMARS”-и сохти Амрико, ҳафт зиреҳпуши Grad MLRS ва ду системи зидиҳавоии “Patriot” ва С-300-ро нобуд карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазири хориҷаи Украина эълон кард, ки Киев омодаи музокира бо Маскав аст
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.