ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бо давлати Ветнам масъалаҳои дастрасӣ ба бозори тавлиди худрав ва маҳсулоти дорусозиро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Дар Ханой нахустин нишасти муколамаи навбатии "Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё – Ветнам" дар бораи масъалаҳои дастрасӣ ба бозор вобаста ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат баргузор шуд.
“Муколамаи мунтазам як майдонест, ки дар он коршиносон аз кишварҳои ИИАО ва Ветнам метавонанд дар фазои дӯстона масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо намоянд”, гуфт намояндаи Комиссияи иқтисодӣ АвруОсиё Наталя Тараскина.
Мушаххас карда мешавад, ки вохӯрӣ аз ду ҷаласа иборат буд, ки бо бахшҳои гуногун дар бораи "масъалаҳои нигаронии истеҳсолкунандагони кишварҳои ИИАО" вобаста ба дастрасӣ барои роҳ ёфтанд ба бозори Ветнам баргузор шуд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ тарафҳои аз низомҳои танзимии Ветнам маълумот пайдо карданд ва чораҳои минбаъда барои беҳтар намудани шароит барои маҳсулоти ИИАО ба бозори Ветнам муайян карданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия қасд доранд, созишнома дар бораи тиҷорати озод банданд. Таъкид гардид, ки он ба татбиқи иқтидори содиротӣ мусоидат хоҳад кард.