ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Онҳо тибқи барномаи “Муаллими Русия дар хориҷ аз кишвар (Русский учитель за рубежом)” дар Тоҷикистон ба тадрис хоҳанд пардохт.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, гуфт, ин як лоиҳаи муштараки вазоратҳои маорифи ду кишвар аст, ки бино ба он, фаъолияти омӯзгорони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон сурат мегирад.
“Тибқи ин барнома муаллимони Русия дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар муддати як сол фаъолият мекунанд ва ба ватан бармегарданд. Ҳамзамон мо дархости худро мефиристем, ки боз омӯзгорон ба Тоҷикистон фиристода шаванд”, - гуфт Ҷамшед Ҷӯразода.
Тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, барномаи “Муаллими Русия дар хориҷ аз кишвар” аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди иҷро қарор гирифта, соли таҳсили 2023-2024 76 омӯзгор аз Русия дар ҳудуди 15 мактаби Тоҷикистон ба тадрис машғул буданд ва дар соли таҳсили 2024-2025 ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 100 муаллим ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ин як ҷанба ё самти фаъолияти омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон аст.
“Ҷанбаи дигар фаъолияти онҳо дар мактабҳои русиест, ки муштарак омӯзгорони Тоҷикистону Русия дар онҳо дарс медиҳанд, аз ҷумла панҷ мактабе, ки дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон фаъолият доранд ва беш аз 50% омӯзгорони онҳо аз Федератсияи Русия мебошанд”, - гуфт Ҷамшед Ҷӯразода.
Бино ба созишномаи миёни ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон аз соли 2019 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзодаи Тоҷикистон ба маблағи 150 миллион доллар панҷ мактаб сохта шуд, ки таҳсил дар онҳо аз 1 сентябри соли 2022 шуруъ шудааст. Дар ҳар як аз ин макотиб 1200 хонанда таҳсил мекунанд.
Гузашта аз ин, бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 40 мактаби русӣ амал мекунад, ки дар онҳо 27 ҳазор хонанда машғули таҳсил ҳастанд.