Вазорати дифои Русия видеои зарба ба корхонаи танкбарории Харковро нашр кард.
“Артиши Русия бо мушаки Искандер-М ба корхонаи танкбарории Харков зарба заданд. Дар натиҷаи партоби мушак ду коргоҳи таъмиру барқарорсозии мошинҳои зиреҳпӯш хароб гардид”, - таъкид кардааст вазорат.
Қайд карда мешавад, ки ин корхона ба барқарорсозии мошинҳои зиреҳпӯши нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро фаъолият мекардааст.
Артиши Русия як ҳамлаи навбатӣ ба истифода аз Искандер-М ба нуқтаи ҷойгиршавии муваққатии зархаридони хориҷӣ дар минтақаи саноатии Харков анҷом дод, ки дар натиҷа то 100 нафар низомиён, аз ҷумла 40 мушовирони низомии хориҷӣ кушта шуданд.
Артиши Русия ба мавзеъҳои нерӯҳои украинӣ, таҷҳизоти Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва зархаридон, инчунин ба иншооти энергетикӣ, саноати дифоъ, маъмурияти низомӣ ва коммуникатсияи Украина зарбаҳои ҳадафмандона анҷом медиҳад.
Тавре сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кард, сарбозон дар набард бо нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба биноҳои истиқоматӣ ё инфрасохтори иҷтимоӣ ҳамла намекунанд.