ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Интизор меравад то поёни соли ҷорӣ корҳои безараргардонӣ дар партовгоҳҳои радиоактивии шимоли Тоҷикистон оғоз шавад.
Дар ин бора раиси шаҳри Истиқлол, Қайюм Маҳмудзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, тибқи шартномаи ҳосилшуда тарҳи безараргардонии партовҳоро ширкати “Росатом” и Русия ба иҷро расониданист.
“Қарор аст дар поёни соли ҷорӣ корҳои безараргардонӣ оғоз шаванд ва ин ҳам бошад дар партовгоҳи “Табошар – 3”, ки дар масофаи 3 га ҷойгир шуда, дар он зиёда аз 1 млн тон пасмондаҳои маводи радиоактивӣ мавҷуд мебошад” – зикр кард, Маҳмудзода.
Раиси шаҳри Истиқлол гуфт, ба ин тартиб тибқи шартномаи ҳосилшуда дар оянда партовгоҳи шаҳраки Адрасмон ва “Деҳмой” и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар онҳо миллион тона пасмондаҳои маводи радиоактивӣ ҷойгир шудаанд аз ҷониби корпоратсияи Росатом пурра безараргардонида хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2023 дар Истиқлол тарҳи хокпӯшкунии партовгоҳ дар мавзеи Табошар, яке аз бузургтарин конҳои урани Иттиҳоди Шӯравӣ ба анҷом расида буд.
Ба ин тартиб ҳоло дар шаҳру навоҳии Истиқлолу Адрасмон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чаҳор партовгоҳ бо ҳаҷми миллионҳо тон пасмондаҳои маводи радиоактивӣ ниёз ба безараргардонӣ доранд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гӯристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Востокредмет", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон (Чкалови пештара) , дар қарни гузашта ба вуҷуд омада, дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Чунин майдонҳо дар солҳои 1945-1970 дар доираи коркарди уран сохта шуда буданд.
Тибқи иттилои расмӣ алҳол чунин партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров мавҷуданд.
Қарор аст то охири сол корҳои безараргардонӣ дар боқимонда ин партовгоҳҳо шурӯъ шавад.
Раиси Истиқлол иҷрои чунин корҳоро барои рушди истеҳсолоти экологӣ, ҷалби сармоя ва беҳбуди вазъи зиндагии сокинони маҳаллӣ ва олами набототу ҳайвоноти минтақа хеле муҳим арзёбӣ кард.