Дар Кӯлоб 43 нафақагири аз 100 сола боло зиндагӣ мекунанд

Ба иттилои мақомоти шаҳри Кӯлоб ба ҳолати якуми июли соли равон шумораи умумии нафақагирон дар ин шаҳр 119 520 нафарро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб нафақахӯрони синнашон аз 100 сола боло 43 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Шовалӣ Абдураҳмонов хабар дод.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки нафақагирони синашон аз 100 боло дар шаҳрҳои Кӯлоб 7 нафар, Норак 2 нафар, ноҳияҳои Ховалинг 5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 3, Фархор 3, Темурмалик 5, Муминобод 2, Балҷувон 2, Восеъ 6, Данғара 8 нафар зиндагонӣ мекунанд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки солхурдатарин нафақахӯр Тураева Басмо аз деҳаи Чашмаи Бедаки Ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг буда, соли таваллудаш 1904 сол мебошад, ки номбурда айни ҳол 120 сола мебошад.
Дар Хатлон қарздорӣ аз маошу нафақа нест
Дар нишаст қайд карда шудааст, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 шумораи нафақагирон 119 520 нафар буда, талаботи моҳонаи нафақа ва кӯмакпулиҳо 47,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии 119 520 нафар нафақгирони минтақа, нафақаҳои меҳнатӣ 42 129 нафар, нафақаҳои суғуртавӣ 46 271 нафар ва нафақаҳои давлатию иҷтимоӣ 28 718 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи нафақахӯрон тибқи таъинотҳо 4702 нафар афзуд, ки маблағи 7,3 миллион сомонӣ илова ба маблағи ҳармоҳаи нафақаро ташкил дода.