ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Талаботи аҳолӣ ба гӯшти гову гӯсфанд бештар гаштааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ.
Ҳамин тавр мақомоти Тоҷикистон сабаби гарон шудани нархи гӯшти говро дар Тоҷикистон шарҳ дод.
"Ҳоло 99,9%-и аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён нарафтани қимати он зиёд шудани талаботи бозор ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷ аст", - гуфт Нигина Анварӣ.
Муовини вазир таъкид кард, ки ҳоло ҷумҳурӣ ба хориҷ содироту воридоти гӯшт надорад.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло сари зиёдсозии саршумори чорвои гӯштӣ, ва пешниҳоди гӯшти мурғу моҳӣ нархҳоро танзим кунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳои маҳаллӣ дар бораи болоравии нархи гӯшт дар Тоҷикистон хабар дода буданд.
Дар баъзе аз бозорҳои пойтахти Тоҷикистон ҳоло нархи як кило гӯшти гов аз 80-82 сомонӣ зиёдтар аст. Нархи гӯшти гӯсфанд ва буз 85 сомони расид.
Ин дар ҳолест, қаблан нархи гӯшти гов дар кишвар ба ҳисоби миёна 71 ва гӯсфанд 75 сомонӣ буда, танҳо дар Панҷакент ва Хуҷанд аз 80 сомонӣ гузашта буд. Арзонтарин нарх дар Хоруғ ба сабт шудааст, ки 64 сомониро ташкил медод.