Табодули коло миёни Узбекистон ва кишварҳои узви ИИАО афзоиш ёфт

Мақомоти Узбекистон эълон кардааст, ки табодули коло миёни Узбекистон ва кишварҳои узви ИИАО ба таври назаррас боло рафта, ба 8,4 млрд доллар расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи омори расмӣ ба ҳолати 22 июли соли 2024, гардиши савдои хориҷии Узбекистон бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар ҳоли афзоиш аст.
Дар моҳҳои январ ва июни соли 2024 гардиши савдои дуҷониба ба 8,4 миллиард доллар расидааст.
Русия ҳамчун шарики асосии Узбекистон дар чаҳорчӯби ИИАО боқӣ мемонад. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо 5,7 миллиард долларро ташкил додааст.
Думаи Русия протокол дар бораи савдои электронӣ дар қаламрави ИИАО-ро тасвиб кард
Ҳиссаи назарраси ин маблағро воридоти маҳсулот аз Русия ба Узбакистон – беш аз 4 миллиард доллар ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.