Тағйирот дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон: Раиси ин ҳизб ҳам иваз шуд

Мақомоти болоии Ҳибзи сотсиалистии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб раис ва муовинонаш аз мансаб барканор шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Имрӯз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар Душанбе анҷумани ғайринавбатӣ баргузор кард, хабар додааст Ҳизби мазкур.
Дар анҷуман Абдуҳалим Ғаффаров аз раисии ҳизб канор рафт ва бо пешниҳоди ӯ раиси нави ҳизб Ғулом Ҳалимзода интихоб шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки Ғулом Ҳалимзода қаблан раиси кумитаи иҷроияи ҲСТ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буд.
Қайд карда шудааст, ки раиси нави ҳизб ҳанӯз вакили парлумон нест.
Ҳамҳизбиён якҷоя фаъолияти Абдуҳалим Ғаффоров, раиси акнун қаблии ҳизбро қаноатманд арзёбӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки Абдуҳалим Ғаффоров аз ин пас ба ҳайси мушовир дар ҳизб мемонад.
Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон нав шуд: Ӯ кист?
Абдуҳалим Ғаффорови 73-сола дар се давра, соли 2006, 2013 ва 2020 номзад ба мақоми президентӣ аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон буд.
Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.
Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили порлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноӣ боз шуд.