“Қурбониёни кор” дар Тоҷикистон – омори расмӣ

Бар асари ҳаводиси нохуш 20 нафар, ба шумули шаш шаҳрванди хориҷӣ, дар корхонаву иншоотҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидаву захмӣ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ин арқом дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта ҳудуди 60% кам аст.
Санъат Раҳимов, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аксари ин афрод дар пайи ҳаводиси нохуш ва ҳам беэҳтиётӣ ба ҳалокат расида ё захмӣ шудаанд.
“Онҳо дар натиҷаи афтидан аз баландӣ (6), расиши барқ (1), резиши ҷинсҳои куҳӣ (5), садамаи қатораҳои боркашон (1), садамаи нақлиётӣ (1), резиши ангиштсанг (1), басташавии роҳҳои нафас бо либосҳо (1), заҳролудшавӣ аз гази пропан (1), афтидани чӯби шифт (1), афтидан аз лифт (1) ва афтидан аз чоҳи ҳавокашӣ (1) ҷони худро аз даст додаанд ё ҷарҳат бардоштаанд”, - гуфт Санъат Раҳимов.
Марг дар ҷои кор: қайди 18 ҳодисаи нохуш дар конҳои Тоҷикистон
Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ, аксарияти онҳое, ки ба ҳодисаҳои нохуш гирифтор шудаанд, 11 ҳалокшудаву 3 захмӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ду ҳалокшудаву се захмӣ шаҳрванди Чин ва як ҳалокшудаву як захмӣ шаҳрванди Афғонистон мебошанд.
Бино ба ин манбаъ, ин арқом дар қиёс бо шаш моҳи аввали соли 2023 ҳудуди 42,5% коҳиш ёфтааст. Соли гузашта дар ҷараёни кор дар иншооту корхонаҳои Тоҷикистон 26 нафар ба ҳалокат расида, 21 нафари дигар захмӣ шуда буданд.