ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар иншоотҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 18 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Раҳим Санъат Асо, сардори ин ниҳод зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки дар пайи ин ҳаводис 14 нафар ҳалок ва 6 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
“Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбати 7 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 28 нафар шахси мансабдор ва 2 нафар шахсони воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, яъне ҷаримабандӣ карда шудаанд”, таъкид кардааст Раҳим Санъат.
Ҳамчунин вай илова кардааст, ки маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида беш аз 141 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.