ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Думаи давлатии Русия протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи Кодекси гумруки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), ки ба танзими ҳамаҷонибаи интиқоли молҳои тиҷорати электронӣ тавассути сарҳади гумрукӣ равона шудааст, ба тасвиб расонд.
Қайд карда шудааст, ки ин санадро раисҷумҳури Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.
Протокол 25 декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИИАО ба имзо расида буд.
Тибқи санади мазкур маҳсулоте, ки тавассути тиҷорати электронӣ харидорӣ мешавад, ба категорияи алоҳидаи молҳо тақсим карда мешавад. Хусусиятҳои танзими чунин савдо низ муайян гардида, декларатсияи ин молҳо ҷорӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.