ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ба иттилои прокуратураи вилояти Хатлон дар натиҷаи санҷиш 4030 қонунвайронкуниҳо ошкор ва аз натиҷаи он баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 665 амр дода шудааст.
Ҳамчунин барои бекор ва ба талаботи қонун мутобиқ намудани амру қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор 623 эътироз оварда, барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткарда 324 пешниҳод ирсол намуда, 265 (242) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 450 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудааст.
Ҳамчунин, нисбати 1362 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, маблағи 1,1 млн сомонӣ қарзи талафи истеҳсоли кишоварзӣ, иҷора ва андози замин барқарор карда шуд.
Прокуратураи вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки дар ин давра 306 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз ин шумора 51 парвандаи ҷиноятӣ хусусияти коррупсионӣ ва 27 тоаш иқтисодии характери коррупсионидошта мебошанд.