Душанбеву Доха роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Қатар аз роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, табодули назар карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусулмон Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қардоғӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар мулоқот тарафҳо доир ба роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, эҳтироми расму оинҳои миллию фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тавре қаблан ВУХ хабар дода буд, Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла бо Давлати Қатар марҳалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаи рушду инкишофро сипарӣ намуд.
Тоҷикистон барои шаҳрвандони Қатар низоми бидуни раводид ҷорӣ кард
Имрӯзҳо Қатар ҳамчун шарики муҳими стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони араб дониста мешавад.
Дар ин росто тавсеаи ҳамкории судманд бо ин шарики боэътимод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии муваффақонаи мамлакат мебошад. То имрӯз ҷиҳати инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди муносибатҳо байни ду давлат дар масъалаҳои дорои манфиати муштарак 16 санади муҳимми ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд.
Бояд тазаккур дод, Тоҷикистон робитаҳои дипломатиро бо Давлати Қатар соли 1994 барқарор карда буд. Фаъолияти Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе (моҳи ноябри соли 2012) ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа (моҳи майи соли 2013) оғоз гардид.