Лоиқ Раҷабов аз Трей Огдени амрикоӣ дар UFC мағлуб шуд

Барои размикори 33-солаи тоҷик ин дуввумин шикаст дар ташкилот оид ба муҳорибаҳои омехтаи UFC ва шашумин дар корномаи варзишияш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Лоик Раҷабов дар мусобиқаи UFC Vegas 94 дар ИМА аз Трей Огден мағлуб шуд.
Мубориза ҳар се раунд давом кард ва бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии амрикоӣ анҷом ёфт.
Раҷабов дар се набарди охиринаш дар UFC шикасти дуввумро гирифт. Моҳи июни соли 2023 ӯ аз Матеуш Ребекки бо нокаути техникӣ мағлуб шуда буд.
Размикори тоҷик моҳи феврали соли 2023 вориди UFC шуда, ин чаҳорумин набардаш буд, ки дар дутоаш пирӯру дутои дигарро бо шикаст анҷом дод.
Ӯ аввалин рақобаташро дар чаҳорчӯби UFC 285 дар Лас Вегас баргузор карда, бо қарори доварон пирӯз шуд.
Рақиби ӯ варзишгари қаблан мағлубнашудаи Аргентина Эстебан Рибович буд. Варзишкори тоҷик на танҳо аз рӯи холҳо ғолиб омад, балки рекорди пешбарӣ барои иштирокчии сабуквазнро низ: дар 3 раунд 11 маротиба ҳарифро ба замин партоб кард.
Дар зӯрозмоии дуюмаш бошад ӯ аз размикори лаҳистонӣ Матеуша Ребетски шикаст хӯрд. Дар ҳоли ҳозир Раҷабов 18 ғалаба, 6 бохт ва ягона мусовӣ дорад.
Қаблан размикори дигари тоҷик Муҳаммад Наимов дар сеюмин рақобаташ дар Арабистони Саудӣ доир шуд, ки мағлуб гардид, аммо дар ҳамин мусобиқа Муин Ғафуров пирӯзӣ ба даст оварда буд.