ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Собиқадори футболи тоҷик, собиқ нимҳимоятгари тими "Помир"-и Душанбе Шуҳрат Шарофович Аъзамов дар синни 72 солагӣ даргузашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои наздикони марҳум, ӯ тайи чанд соли ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд.
ФФТ мегӯяд, ӯ тамоми фаъолияти худро дар лигаи якуми СССР дар ҳайати дастаи "Помир" гузаронидааст.
Солҳои 1971-1982 дар 336 бозӣ ширкат карда, 11 гол ба самар расонидааст.
Ӯ ҳамзамон дар корномаи варзишияш мураббигӣ низ кардааст.
Курсҳои мураббигиро дар Арабистони Саудӣ хатм карда, тайи солҳои 1989-1991 сармураббии дастаи "Хуҷанд" буд.
Солҳои 1992-2009 дар сохтори бошгоҳи футболи "Регар-ТадАЗ" ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.