ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд.
Вай ҳамзамон узви Маҷлиси намояндагон, утоқи поёнии парлумони Тоҷикистон аст.
Бино ба маълумоте, ки аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода шуд, интихоби ӯ дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб, ки дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сурат гирифтааст.
“Вай дар ин мақом Рустам Раҳматзодаро, ки акнун муовини раиси ҳизб хоҳад буд, иваз кард. Интихоби Ашӯрзода ба сиёсати ҷавонсозии раҳбарияти ҳизб иртибот дорад”, - гуфт манбаъ.
Ғиёсиддин Ашӯрзода Маҳмадмурод, вакили парлумони Тоҷикистон буда, 48 сол дорад. Рустам Раҳматзодаи 64-сола аз соли 2019 ба ин сӯ ҳизбро раҳбарӣ мекард.
Ба қавли манбаъ, Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ, Сарвиноз Маҷидова ва Ҳайдар Раҳматзода муовинони раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ интихоб шуданд.
Ғиёсиддин Ашӯрзода 3 майи 1976 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон (1999) бо тахассуси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ аст.
Вай номзади улуми иқтисодӣ буда, дар Институти иқтисодии Академияи улум, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон як ҳизби миёнарав ва наздик ба ҳукумат буда, ҳудуди 40 ҳазор узв дорад.
Қабл аз ин дар моҳи майи соли равон Саидҷаъфар Усмонзодаи 63-сола, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро Зоҳири Аброр, рӯзноманигор ва ношири 34-сола иваз карда буд.