ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Биржаҳои фондии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми муомилотро афзоиш доданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумиссиюни иқтисодии созмон гузориш медиҳад.
"Дар семоҳаи дуюми соли 2024 биржаҳои фондии Арманистон ва Қирғизистон пешсафи афзоиши ҳаҷми муомилот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шуданд", - омадааст дар гузориш.
КИАО афзуд, ки биржаи фондии Қазоқистон Astana International Exchange (AIX) ҳаҷми савдоро 3,3 маротиба афзоиш додааст. Бозорҳои саҳомии кишварҳои дигари Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё афзоиши мӯътадилро нишон доданд.
Дар биржаҳои молӣ низ афзоиши ҳаҷми муомилот, ба истиснои ҶСК "Системаи савдои АвруОсиёӣ" (Индекси нархҳои маҳсулоти нафтӣ) афзоиш ёфта, динамикаи нархҳои навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ боқӣ монд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қасд доранд механизми нави дастгирии ҳамкориҳои саноатиро ба роҳ монанд.