Бори аввал корхонаи “Азот”-и Тоҷикистон ба Афғонистон нуриҳои минералӣ содирот кард

Бори аввал аз қаламрави вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар нуриҳои минералӣ, ки дар корхонаи “Азот” истеҳсол шудааст, содирот шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар 6 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон ба 225,4 млн доллар расидааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон” бо истинод ба мақомоти вилоят.
Ба иттилои манбаъ, содироти мол ба 117,7 млн доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,1% ё 39,8 млн доллар зиёд мебошад.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки бори аввал аз қаламрави вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 626 тонна нуриҳои минералӣ, ки дар корхонаи “Азот” истеҳсол шудааст, ба маблағи 169 ҳазор доллар ба Афғонистон содирот карда шуд.
Ҳамзамон воридоти мол ба вилояти Хатлон 107,6 млн долларро ташкил дод.
Хатлон ният дорад содиротро афзоиш диҳад
Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки ба ҳолати 3 июли соли 2024 аз ҳудуди вилоят танҳо ба воситаи гузаргоҳи гумрукии вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 13765 тонна маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ содирот карда шуд.
Маҳсулоти содиротгардида асосан 9,5 тонна сабзавот, аз ҷумла 8,7 тонна пиёз, 438 тонна полезиҳо, 2,7 тонна мевагиҳо, ангур ва 120 тонна дигар анвои маҳсулотро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд 13,243 тонна пиёз ва шаҳри Турсунзода 78 тонна содирот карда шуда, содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар маҷмуъ 27,1 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.