Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дод: Киҳо вазифаи нав гирифтанд

Раисҷумҳур дар сохторҳои мақомоти судӣ, Прокуратура, Вазорати дифоъ ва маориф, Агентии мубориза бо коррупсия ва Маркази тадқиқоти стратегӣ тағйирот ворид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бархе аз сохторҳои ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Раисҷумҳур кадрҳоро дар сохторҳои мақомоти судӣ, Прокуратура, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд мақомоти назди ҳукумати Тоҷикистон иваз кард.
Қайд карда шудааст, ки номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои таъйин намудан ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ пешниҳод карда шуд.
Инчунин Президенти Тоҷикистон Раиси суди шаҳри Хоруғи ВМКБ, Раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Қубодиён, шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, муовини Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва муовини Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тайъин кард.
Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон кадрҳои варзидаю таҷрибадор ба вазифаҳои муовини Вазири маориф ва илм, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Роҳбари Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”, муовини Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории, Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”, муовини Сардори Хадамоти алоқа ва Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия таъйин гардиданд.
Тағйироти кадрӣ дар ВКД: Аз барканории Шоҳрух Саидзода то вазифаи нав
Ҳамчунин бо амрҳои президенти Тоҷикистон муовини Директори Маркази миллии қонунгузорӣ, муовини якуми ва муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегиро низ таъйин карда шуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардиданд.
Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар Вазорати дифоъ, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баъзе командирони қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ асосан аз ҳисоби кадрҳои дорои ду ва зиёда таҳсилоти олии ҳарбӣ сурат гирифт.