ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо эъзоми ҳайати тиҷорӣ ба Тоҷикистон ва Узбекистон дар моҳи оянда мувофиқат кард, иттилоъ додааст сомонаи “Парс Тудей”.
Ба иттилои манбаъ, мавзӯи эъзоми ҳайати тиҷорӣ ба Тоҷикистону Узбекистон дар 141-умин ҷаласаи коргурӯҳи сиёсатгузориву барномарезии рӯйдодҳои тиҷории матраҳ ва ба истиноди тасмимоти иттихозшуда дар коргурӯҳ, ҳайати тиҷории мазкур таҳти назорати Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон (дафтари Осиёи Миёна, Қафқоз ва Русия) ба Тоҷикистону Узбакистон эъзом мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон изҳор кард, тиҷорати ду кишвар дар даврае ҳатто ба 500 миллион доллар ҳам расидааст.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳам қаблан бо ишора ба беҳбуди таъомулоти тиҷории ду кишвар тайи се соли гузашта, тасреҳ кард, тиҷорати ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар давлати сездаҳуми Эрон то 5 баробар афзоиш ёфта ва ин ҳосили иродаи ду кишвар бар афзоиши муносиботи тиҷорӣ аст.
Зоҳидӣ гуфт, ду кишвари ҳамзабон аз зарфиятҳои муносибе барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақлу ғайра бархӯрдор ҳастанд, ки ҳануз аз ин мавқеъиятҳо баҳрабардории лозим сӯрат нагирифтааст.
Қаблан вазири иқтисоди Тоҷикистон Завқи Завқизода зимни дидор бо сафири Эрон дар ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Эрон нисбат ба соли 2022-юм 6,8 фоиз афзоиш ёфта, ба 254,5 миллион доллар баробар шуд.