Дар шаҳри Бохтар як шабонарӯз об намешавад: Мақомот сабабашро гуфт

Сокинони маҳаллаҳои зиёди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон давоми як шабонарӯз аз истифодаи оби нӯшокӣ маҳрум мемонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Маъмурияти Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар аз маҳдудияти интиқоли об дар бархе аз манотиқи шаҳр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ бо сабаби азнавсозии шабакаҳои магистралии обу канализатсия дар шаҳри Бохтар, интиқоли оби нӯшокӣ дар чанде аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар қатъ мегардад.
Маҳдудияти интиқоли об аз соати 8:00-и рӯзи 18 июл то соати 10:00-и рӯзи 19 июли соли равон, яъне ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад.
Манбаъ қайд кардааст, ки корҳои қубурпайвасткунӣ мураккаб буда, ҶДММ “ Сомон - Энержӣ” тасмим гирифтааст, ки корҳои пайвасти қубурҳои обгузари хатти навро дар мавзеи чорроҳаи ҳаракати ҳалқашакли бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ба анҷом расонад.
Об дар Тоҷикистон тамом мешавад: ба захоири ҷумҳурӣ дар оянда чӣ хоҳад шуд?
“Аз ин лиҳоз, маъмурияти Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар аз шаҳрвандони шаҳр хоҳиш мекунад, ки дар амалишавии корҳои пешбининамуда дар тӯли як шабонарӯз мусоидат кунанд”, - қайд кардааст манбаъ
Маъмурияти Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар аз сокинони пойтахт хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.