ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Собиқ президенти ИМА Доналд Трамп дар анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба андозаи кофӣ раъй ба даст овардааст ва ба ин тартиб, ба шакли расмӣ ӯро ба унвони номзад муаррифӣ карданд, хабар медиҳад Ассошиэйтед Пресс.
Писари Трамп Эрик дар анҷуман гуфт: "Мо номзади ҷумҳурихоҳ ба курсии президенти Иёлоти Муттаҳида эълон мекунем".
Қаблан Трамп сенатор Ҷей Ди Вэнс аз аёлати Огайоро номзади мансаби муовини раиси ҷумҳур эълон кард.
“Ҷей Ди Вэнс ба унвони муовини раиси ҷумҳур ба мубориза дар роҳи Қонуни асосӣ идома хоҳад дод, дар паҳлуи неруҳои низомии мо хоҳад истод ва ҳар кумаке, ки битавонад, ба ман мекунад, то шукуҳу азамати Амрикоро баргардонем", - навиштааст Доналд Трамп.
Доналд Трамп дар ҷараёни гирдиҳамоии интихоботии худ дар аёлати Пенсилвания ҳадафи суиқасди қарор гирифт.
Ба иттилои расонаҳо ба Томас Мэтю Крукси 20-сола, шахси ҳамлакунанда ба Трамп маълум нест. Ӯ пас аз тирандозӣ ба Доналд Трамп, аз сӯи нерӯҳои амниятии Амрико кушта шуд.
Ҳодиса рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Батлери аёлати Пенсилвания ҳангоми суханронии Трамп дар маъракаи пешазинтихоботиаш рух дод.
Бюрои федеролии таҳқиқотии ИМА (ФБР) рӯзи 14-уми июл хабар дод, ки дар сӯиқасд ба ҷони Трамп Томас Мэтю Крукс, ҷавони 20-даст доштааст.
Ин ҷавон аз 130 метр дур аз боми як иншоот ба маҳали суханронии президенти собиқ тақрибан 8 тир ба тарафи Трамп холӣкард.
Дар ин ҳодиса ду нафар, аз ҷумла ҷавони ҳамлагар кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷавони ҳамлагарро кормандони пулис дар ҷои ҳодиса парондаанд.