Ифтитоҳи ду корхонаи нав дар Душанбе

Раисҷумҳур ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва маҳсулоти нонию қаннодӣ иштирок намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Нахуст раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ширкати “Нонпаз”-ро ифтитоҳ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Таъкид шудааст, ки иншоот бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, корҳои навсозӣ ва мутобиқгардонӣ ба замони муосир соли 2021 оғоз гардидааст.
Манбаъ қайд намудааст, ки корхонаи “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.
“Иншооти мазкур пурра навсозӣ гардида, дар он тамоми инфрасохтор барои истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ муҳайё гардидааст”, қайд кардааст дафтари матбуот.
Дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, истеҳсол карда мешавад, Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.
Дар ним сол дар вилояти Суғд беш аз 140 корхона аз фаъолият бозмонд
Ҳамчунин роҳбари кишвар ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гуруҳ” марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ширкати “Ғаюр Гуруҳ”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки таҷҳизоти корхона аз ширкати “Старлингер”-и Австрия харидорӣ гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали корхонаи мазкур соли 2020 аз тарафи Президенти кишвар ифтитоҳ гардида буд.
Марҳилаи дуюми корхона аз хатҳои иловагии истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, духти матоъ, ламинатсия, суратофарӣ, буриши матоъ ва насби клапанҳои автоматӣ иборат буда, имкон медиҳад, ки 140 нафар ба кори доимӣ таъмин гарданд.
Иқтидори истеҳсолии корхона аз 70 млн. дона халтаҳои полипропиленӣ то ба 120 млн. дона расонида шуда, талаботи бозори дохилӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, кимиё ва ғайра пурра бо халтаҳои дорои клапани автоматӣ бо технологияи инноватсионии Ад Стар “AD STAR” қонеъ мегардад, вобастагӣ аз маҳсулоти борпечонии хориҷӣ бартараф мешавад. Ҳамчунин ва қисми боқимондаи маҳсулот ба содирот хоҳад рафт.
Афзоиши парвозу низоми ягонаи энергетикӣ ва 400 корхона: Ҷузъиёти суҳбати Раҳмону Мирзиёев
Насби технологияи насли нав имкон медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли номгӯи дигари маҳсулоти саноатӣ равона карда шавад.
Ғайр аз халтаҳо барои семент ҳамчунин ширкати “Ғаюр Гуруҳ” тибқи фармоиш имкон дорад, ки тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиёвиро ба роҳ монад.
Тамоми марҳилаҳои истеҳсолии халтаҳои полипропиленӣ, шуруъ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва рангу ороиши он дар худи корхонаи навтаъсис роҳандозӣ гардидааст.