ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Қазони Русия дар як чорабинӣ фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон дар Донишгоҳи федералии Қазон аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷавонони тоҷик дар чорабинии Global Village ширкат варзиданд.
Зикр гардидааст, ки дар ин чорабинӣ фарҳанг, сарулибоси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, суруду рақсҳо пешкаши ҳозирин гардид.
Меҳмонон тавонистанд ба фазои меҳмоннавозӣ ва зебоии Тоҷикистон ворид шаванд.
Дар чорабинӣ сурудҳои тоҷикӣ садо дода, донишҷӯён рақсҳои миллӣ намоиш доданд.
Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии "Иннопром" ширкат дошт.
Намоишгоҳ байналмилалии "Иннопром" ҳамасола дар шаҳри Екатеринбург баргузор мешавад ва он як платформаи ҷаҳонӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои ояндадори байналмилалӣ, эҷоди занҷирҳои истеҳсолӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ ва роҳандозии муколама байни соҳибкорон ва ҳукумат мебошад.