ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ширкати “Ғаюр Гуруҳ” дар ояндаи наздик ният дорад корхонаи истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои рақамӣ, ноутбукҳо ва камераҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе бунёд намояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ субҳи 16 июл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ оғози расмӣ бахшид ва бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Қайд карда шудааст, ки таҷҳизот ва технологияи наву инноватсионӣ аз Корея, Чин ва Ҷопон харидорӣ ва ба корхона ворид гардидааст.
“Бунёди корхонаи мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, ки истеҳсоли платаҳои чопӣ (PCBA) ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар дохил ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад”, - қайд намудааст манбаъ.
Инчунин корхонаи мазкур ният дорад, корхонаи истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои рақамӣ, ноутбукҳо ва камераҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе бунёд намояд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки корхонаи мазкур аз пажуҳишгоҳи тадқиқот ва рушд, хатҳои истеҳсоли қисмҳои металӣ, пластикӣ, платаҳои чопӣ ва хати васлу насб иборат мебошад.