Сисӣ эътимодномаи сафири Тоҷикистонро қабул кард

Cупоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср
Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода ба раисҷумҳури ин кишвар нусхаи эътимоднома супорид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ супорид.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Парвиз Мирзозода салому паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба раисҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ расонд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири навтаъйини корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва умури мисриёни хориҷ аз кишвар Бадр Абдулъотӣ мулоқот намуд.
Палестинские беженцы в лагере на границе с Египтом
Паногоҳи гурезаҳои фаластинӣ дар сарҳади Миср - акс
Ёдовар мешавем, ки 6 май бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Парвиз Мирзозода ҳамчун сафири Тоҷикистон дар Миср таъин шуда буд.
Ӯ дар ин вазифа Заробиддин Қосимиро иваз кард.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср 1 апрели соли 1993 барпо шудааст. Миср истиқлолияти Тоҷикистонро якуми январи соли 1992 ба расмият шинохт.