Сомонӣ устувор шуд: эълони қурби асъорҳои калидӣ дар Тоҷикистон

Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ ҳафтаро бидуни тағйирот, аммо доллар бо коҳишёбӣ оғоз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳафтаро бидуни дигаргунӣ оғоз карда, ҳамакнун барои 1000 рубл 121,2 сомонӣ медиҳанд.
Қурби доллар тамоюли коҳишёбӣ нишон медиҳад. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш як долларро метавон ба 10.6656 сомонӣ ва ҳоло10.6595 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро дар бозори арзи кишвар майли гаронӣ дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.6103 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ он 11.5764 сомонӣ қимат дошт.
Доллар ҳамчун асъори ҷаҳонӣ ҷолибияташро аз даст медиҳад - расонаҳо
БМТ ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.6656 то 10.7000, як евро 11.5764 сомонӣ то 117000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 121,5 то 122 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.