ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Музокирот оид ба оташбас дар Ғазза ба далели он боздошта шуд, ки Исроил гӯё нияти самимии дастёбӣ ба созишро нишон намедиҳад.
Дар ин бора хабаргузории Рейтер бо истинод ба манобеъаш дар Миср хабар медиҳад.
"Музокирот оид ба оташбас дар Ғазза пас аз он, ки гуфтугӯи пуршиддат дар се рӯзи музокира ба натиҷаи қобили амал наовард, мутаваққиф шуд", - омадааст дар изҳороти оҷонсӣ.
Чунон ки агентии Рейтер менависад, мусоҳибони агентӣ Исроилро ба он айбдор карданд, ки "нияти самими ба даст овардани созиш"-ро надоштааст.
Манбаъҳо гуфтаанд, ки рафтори миёнаравҳои исроилӣ "ихтилофи дохилӣ"-ро нишон медиҳад: ҳайати Исроил ба як қатор шартҳо розӣ шуд, аммо баъд аз он бо ислоҳ баргашт ва ё шартҳои наверо ҷорӣ кард, ки метавонад музокиротро аз байн барад.
Ба гуфтаи агентӣ, миёнаравҳо "зиддиятҳо, таъхир дар посухҳо ва ҷорӣ кардани шартҳои наверо, ки ба шартҳои қаблан мувофиқашуда мухолифанд" ҳамчун аломати он мешуморанд, ки ҷониби Исроил ин гуфтушунидро расмиятест, ки ба афкори умум таъсир мерасонад, медонад.
Шабакаи телевизионии Al Qahera News ахиран хабар дод, ки Миср аз Исроил хостааст, ба музокирот дар бораи оташбас дар навори Ғазза дахолат накунад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, қаблан гуфта буд, ки Исроил ва ҷунбиши Фаластинии Ҳамос ба "чаҳорчӯби" созиши оташбас дар навори Ғазза тавофуқ кардаанд ва рӯи ҷузъиёт кор мекунанд.
Шабакаи телевизионии Al Arabiya хабар дод, ки Исроил ва Ҳамос дар бораи бисёре аз нуктаҳои қаблан ҳалношуда ба мувофиқа расиданд. Зимнан зикр гардид, ки ҳафтаи равон музокирот оид ба Ғазза дар Доҳа ва Қоҳира сурат гирифт.