ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда чемпионати лоу-кикро баргузор мекунад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон созмондиҳандагони чорабинӣ хабар доданд.
Мусобиқаи нави машҳур оид ба LowKick Championship 18 август таҳти сарпарастии Федератсияи киокушинии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Қарор аст, дар мусобиқаи варзишӣ каратэчиён, кикбоксчиён ва намояндагони муай-тай ширкат кунанд. Дар доираи чемпионат варзишгарон қувваи ҳамдигарро бо зарбаҳо месанҷанд, мегӯянд созмондиҳандагон.
Қарор аст, дар мусобиқаи варзишӣ каратэчиён, кикбоксчиён ва намояндагони муай-тай ширкат кунанд. Дар доираи чемпионат варзишгарон қувваи ҳамдигарро бо зарбаҳо месанҷанд, мегӯянд созмондиҳандагон.
Лоу-кик дар санъати ҳарбӣ як навъи зарба ба қисми поёни бадан (рон ё шин) аст.Дар ин навъ варзиш ҳамеша ба пойҳои рақиб зарба зада мешавад. Дар натиҷаи зарба рақиб на танҳо дардро эҳсос мекунад, балки метавонад аз идораи пойҳояшро аз даст диҳад ва боиси суст шудани суръаташ гардад.
Дар баробари ин, коршиносон қайд мекунанд, ки бар асари зарбаҳои пайдарпайи қавӣ эҳтимоли шикантани устухони пой, ва осеби сахт дидани буғуму мушакҳо мавҷуд аст.