ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вохурӣ бо варзишгарон ва мураббиён таъкид намуд, ки варзишгарони тоҷик дар чунин чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ натанҳо бо касбият ва қобилияти фавқулода, балки бо хушахлоқӣ ва рафтору кирдори намунавӣ низ муаррифгари меҳан ва фарҳанги хеш мебошанд.
Вай дар ин дидор изҳори боварӣ кардаааст, ки дар оянда варзишгарони тоҷик, шумораи роҳхатҳоро ба чунин мусобиқаҳои бонуфуз бештар хоҳанд кард.
"Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд", - таъкд кард Рустами Эмомалӣ.
Дар охир Раиси шаҳри Душанбе парчами кишварро ба Темур Раҳимов — парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон тақдим намуда, ба ҳамаи онҳо барору музафаррият таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.
Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.