ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақтиёл аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ барои тақрибан 40 рӯз баста хоҳад шуд.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри қарори марбутаи раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ хабар дод.
"Аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ, аз санаи 13-уми июли соли 2024 то 25 августи соли 2024 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ масдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масирро ба анҷом додани корҳои таъмирӣ рабт дод.
Роҳбандӣ дар Душанбе
© Sputnik
Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда шуд, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки то 20 август ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино масдуд аст. Ин масир низ бо қарор Рустами Эмомалӣ ба хотири анҷоми корҳои таъмирӣ баста шуд.