ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон портали давлатии ҷустуҷӯи кор дубора фаъол шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорати Русия дар ҷумҳурӣ.
Сомонаи навшудаи Kor.tj аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст.
Модернизатсияи он бо кумаки лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид "Такмилдиҳии ҷавонон тавассути рушди касбӣ ва инноватсия", ки аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад, имконпазир гардид.
Портал се забонро дастгирӣ мекунад: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Барномаҳо барои смартфонҳо дар Android ва iOS низ мавҷуданд.

Ба гуфтаи Қиёмиддин Давлатзода, муовини раиси Вазорати меҳнати Тоҷикистон, ин сомона мақоми як манбаи расмӣ барои нашри ҷойҳои холии ҳам аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои хусусӣ хоҳад дошт.
Ифтитоҳи ин сомона ба ҳалли мушкилоти рақамисозии хадамоти давлатӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Зимнан, мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская қайд кард, ки лоиҳаи мазкур ба дастгирии ҷавонони тоҷик нигаронида шудааст.
"Бовар дорам, ки портал ба духтарону писарони ҷавоне, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон иқтидори касбии худро амалӣ гардонанд, кӯмак хоҳад кард", - гуфт ӯ ва аз корфармоён даъват кард, ки аз имконоти манбаи интернетӣ барои ҷойгиркунии ҷойҳои холӣ фаъолона истифода баранд.
Лоиҳаи "Такмил додани имкониятҳои ҷавонон тавассути рушди касбӣ ва инноватсия" аз ҷониби БРСММ 1 январи соли 2022 бо дастгирии молиявии Федератсияи Русия оғоз гардид. Он идомаи ташаббуси русии "Ҷавонон барои тиҷорат ва инноватсия", ки дар ҷумҳурӣ аз соли 2019 то соли 2021 амалӣ шуда буд, гардид.