ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳама кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ мекунанд.
Дар ин бора Виктор Василев, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.
"Ин тасмим аз ҷониби ҳамаи давлатҳои СПАД дастгирӣ ёфт, яъне Арманистон ба қабули ин барнома мухолиф нест, аммо онро имзо накардааст, аз ин рӯ, дар ин марҳила иштирок намекунад", - гуфт намояндаи доимии Русия.
Василев тавзеҳ дод, ки ҳар як давлат худаш муайян хоҳад кард, ки чӣ гуна ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак кунад - бо мутахассисон, таҷҳизот ва омӯзиш.
Вай ёдовар шуд, ки тасмими аввал дар ин бора ҳанӯз соли 2013 гирифта шуда буд.
Худи барнома аз се марҳила иборат буда, марҳилаи аввал барои 5 сол пешбинӣ шудааст.
"Аз як тараф, ҷониби Тоҷикистон бояд барои таҳкими қитъаҳои мушаххаси сарҳад пешниҳодҳо ироа кунад, аз ҷониби дигар, давлатҳое, ки дар татбиқи ин барнома иштирок мекунанд, бояд дар бораи маблағҳои моддӣ ва дигар воситаҳое, ки барои ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, тасмим бигиранд", - гуфт Василев.
Аммо давлатҳои ин созмон ҷонибдори сохтани девор бо Кобул нестанд, таъкид кард ӯ. Ба гуфтаи Васильев, муколама бо Афғонистон зарур аст.
"Мо набояд дар назди давлатҳои аъзои СПАД ва Афғонистон як девор бунёд кунем, ки ба таври қатъӣ, ҷониби Русия ва дигар шарикони мо кӯшиш мекунанд, ки ин тасодуфӣ нест бо мақомоти кунунии Афғонистон муколамаи фаъол барои пешгирӣ аз ташдиди вазъ дар сарҳад бояд пеш бурда шавад”, - хулоса кард намояндаи доимии Русия дар СПАД.