Воридот бештар аз содирот: Мақомоти Суғд гуфт бо хориҷ чӣ қадар савдо кардааст

Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, нишондиҳандаҳои мусбати иҷтимоию иқтисодӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки суботи макроиқтисодӣ дар минтақа нигоҳ дошта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 6 моҳи соли равон ба 9 млрд. 240 млн. сомонӣ расид.
Ба иттилои манбаъ, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 107,5%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба иттилои мақомдорони вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 1 млрд. 475 млн. доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2% фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1055,5 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 129,3 млн. доллар ё 14% фоиз афзудааст.
Деҳаи хурд бо ҳосили фаровон: Дар Зарзамини Суғд чӣ гуна помидор мепарваранд - видео
Содироти маҳсулот бошад аз вилоят дар ин давра 420,1 млн. долларро ташкил додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ-марти соли равон ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 60 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2023-юм 110,6% таъмин гардидааст.
Аз ҷумла, ба маблағи 39 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 21 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.