ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Сардори Раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон Исфандиёр Хайриддинзода хабар додааст, ки дар соли равон аз 639 муҳоҷире, ки вурудашон ба Русия манъ аст, 64 нафарашон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ба иттилои сардори Раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон, раванди рафтуомади муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави вилоят таҳти таваҷҷуҳ қарор дошта, мунтазам дар фурудгоҳҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони масъули раёсат суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Вай қайд кард, ки аз ҳисоби муҳоҷироне, ки вурудашон ба қаламрави Русия манъ аст, 629 нафар ба раёсат барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат кард.
“Дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, аз ин шумора 64 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 14 нафар ба касбомӯзӣ, 13 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 518 нафари дигар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуданд. Ғайр аз ин, 20 нафари онҳо бо мақсади ташкили соҳибкорӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзи бефоизи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин карда шуданд”, - қайд кардааст оқои Хайриддинзода.
Ба иттилои мақомоти соли 2023 рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ каме бештар 652 ҳазор нафарро ташкил дода буд (2022- 775 578), нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 16% кам будааст, аз ин шумора мардҳо 555 ҳазор, ё 15 фоиз ва занҳо каме бештар аз 97 ҳазор нафар, ё 20 фоиз кам шудааст.
Ба иттилои мақомот бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия мераванд. Ба ин кишвар дар соли 2023 ба иттилои мақомоти Тоҷикистон каме бештар аз 627 ҳазор нафар барои кор рафтааст. Дар ҷойи дувум Қазоқистон (18418) ва дигар давлатҳо (6568 нафар) қарор гирифтаанд.
Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин муддат 591 ҳазор (соли 2022-552 ҳазор) ё 7 фоиз зиёд буда.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Русия мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар беш аз млн. муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.