Раҳимзода гуфт ба амнияти миллии кишварҳои узви ИДМ чӣ таҳдид мекунад

Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои узви ИДМ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид кард, ки ҷумҳурӣ дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад.
“Мо, қатъиян ташаббусу амалҳои оқилона ва самаранокро ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнин дастгирӣ мекунем", - таъкид кард вазир.
Рамазон Раҳимзода афзуд: “мо имрӯз дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки моро ҳар рӯз бо хатарҳои нав ба нави шаклгиранда рӯ ба рӯ мекунад, хатарҳое, ки 30 сол пеш онҳоро тасаввур кардан мумкин набуд”.
Вай қайд кард, ки ҷиноятҳои кибернетикӣ, терроризми кибернетикӣ, муқовиматҳои дохилии мусаллаҳона дар сатҳи минтақа ва байнидавлатҳо, шиддат гирифтани муносибатҳои миллӣ ва байналмиллӣ, муҳоҷирати оммавӣ, доругирҳои сиёсӣ дар масъалаҳои сулҳ ва амният дар минтақаҳои алоҳида — ин ҳама мушкилоте ҳастанд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунанд.
Кишварҳои ИДМ пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи рушди саноати мошинсозии вазнинро пазируфтанд
Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки мулоқоти имрӯза дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузошта, ба ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ такони ҷиддӣ мебахшад, ҳамкории мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои иттиҳодро дар самтҳои асосии фаъолияти оперативӣ-хизматӣ тақвият мебахшад ва ин ҳама ба кишварҳои ИДМ имкон медиҳад, ки боз муттаҳидтар шаванд.
Дар идомаи кори ҷаласа мушкилот ва таҷрибаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мураккаб гардидани вазъи паҳншавии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои вобаста ба он, ки аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои аъзои ИДМ содир мешаванд, инчунин мушкилот ҳангоми ҳамкории байналмилалӣ ва роҳҳои ҳалли он баррасӣ шуданд.
Иштирокдорони ҷаласа таъкид карданд, ки табодули таҷриба байни кормандони мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле муҳим мебошад.
Ҳамчунин дар ҷаласа маҷмуи васеи масъалаҳо вобаста ба мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳолати ҷинояткорӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои иттиҳод, рафти иҷрои барномаҳои байнидавлатӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои махсусан вазнин — паҳн кардани маводи мухаддир, савдои силоҳ, мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ, терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шуданд.