ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Шумораи афроди бекор дар кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви созмон ба қайд гирифта шудаанд, то дар моҳи май нисбат ба моҳи апрели соли 2023 813,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар моҳи майи соли равон нисбат ба моҳи апрели соли 2023 13,8% кам шудааст.
Хамин тавр ба иттилои манбаъ, шумораи бекорон 0,9% қувваи кориро ташкил медиҳад.
Қаблан дар созмон гуфта буданд, ки музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ (бо назардошти шохиси нархҳои истеъмолии молҳо ва хизматрасониҳо) дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.
Суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (112,4%) ва Беларус (111%) ба қайд гирифта шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Арманистон – 270 ҳазор драми арманӣ (688 доллар), дар Беларус – 1,9 ҳазор рубли белорусӣ (634 доллар), дар Қазоқистон – 360,8 ҳазор танга (791 доллар), дар Қирғизистон – 33,3 ҳазор сом (379 доллар) ва дар Русия – 73,7 ҳазор рубли русӣ (871 доллар)-ро ташкил додааст.