ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Вазорати хориҷаи Чин хабари расонаҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро рад кард
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Лин Ҷиан, ахиран дар як нишасти матбуотӣ иддаои расонаҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард.
"Ман аз вазъияте, ки шумо зикр кардед, огоҳ нестам, аммо бо итминон метавонам бигӯям, ки Чин ҳамеша сиёсати мустақил ва сулҳҷӯёнаи хориҷиро риоя мекунад ва дар Осиёи Марказӣ ҳеҷ пойгоҳи низомие надорад", - гуфт дипломат.
Қаблан нашрияи " Telegraph "-и бритониёӣ хабар дода буд, ки Чин тақрибан даҳ сол боз дар Тоҷикистон пойгоҳи низмӣ бунёд мекунад.
Ба навиштаи ин нашрия, як пойгоҳи низомии махфии Чин дар наздикии рустои Шаймаки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон тавассути моҳвора дар наздикии марз бо Афғонистон кашф шудааст.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотии моҳи июли соли 2022 ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар ВМКБ, дар наздикии марз бо Афғонистон, як иншооти Вазорати дифои кишвар, ки характери низомӣ надорад сохта шудааст.
Ба гуфтаи вай, ин инҳоот барои қабулу музокирот ҳамкорони чинӣ бунёд гардидааст.